ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон , Симо Содот Лорӣ рӯзи сешанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар Эрон ба хабарнигорон гуфт : бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ , дар 24 соати гузашта ду ҳазору 302 бемори ҷадиди Ковид - 19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки ҳазору 226 нафар аз онон бистарӣ шуданду ба бақияи беморон низ хадамоти мавриди ниёзшон ироа шуд .
Лорӣ гуфт : маҷмӯи беморони Ковид - 19 дар Эрон ба 391 ҳазору 112 нафар расидааст, ки токунун 337 ҳазору 414 нафар аз онон беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд .
Вай афзуд : муттаассифона дар 24 соати гузашта 132 нафар аз беморони Ковид - 19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 22 ҳазору 542 нафар расидааст .
Теъдоди афроди мубтало ба вирӯси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 27 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дасти кам 897 ҳазор нафари ҷони худро аз даст дода ва ҳудуди 20 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд .
342/